Эрон: вазъи саломатии 123 нафар мубтало ба коронавирус беҳбуд ёфт

Мақомоти Эрон таъкид кардааст, ки дар баробари беҳбуд шудани вазъи саломатии 123 нафар мубтало ба коронавирус, шумори ҷонбохтагон низ нисбат ба ҳафтаи гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст. Мақомот гуфт то кунун дар Эрон 43 нафар аз ин вирус ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Вазорати тандурӯстӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо эъломи ибтилои 593 нафар ба коронавирус дар ин кишвар гуфт, то кунун 123 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Дар Эрон шумори фавтидагон аз “коронавирус” ба 26 нафар расид

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур- раиси Маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, токунун 43 тан бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Шуюи коронавирус дар моҳи декабри 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд, ки зоҳиран маншаи он ҳайвонот будааст.

Ин вирус акнун илова бар 30 вилояти Чин ба 59 кишвари дигар сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 85 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 39 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва беш аз ду ҳазору 900 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.