Қирғизистон марзашро ба рӯи 5 кишвар баст

Ҳукумати Қирғизистон ба хотири пешгирӣ кардан аз паҳншавии маризии сироятии коронавирус, марзашро ба рӯ 5 кишвар баст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik.Дар робита ба вазъияти нигаронкунанда дар аксар кишварҳои дунё вобаста ба хуруҷи маризии коронавирус,  ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифт, марзашро ба рӯи чанд кишвар, ки ин маризӣ бо он ҷо роҳ ёфтааст, бубандад.

Коронавирус ба кишварҳои Қафқоз ҳам расид: маризӣ аз Эрону Италия вуруд шуд

Тасмими ҳукуматдорони қирғизистонӣ ҳамчун тадобири пешгирӣ аз вуруди ин маризӣ ба қаламрави Қирғизистон арзёбӣ мешавад.

Ба ҳамин минвол, сар аз 1 -уми март вуруди шаҳрвандон аз 5 кишвар, аз ҷумла, Чин, Эрон, Италия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ба Қирғизистон муҷаққатан масдуд мегардад. Замони анҷоми маҳдудият барои шаҳрвандони ин панҷ давалат номаълум аст.

Баҳси коронавирус ва ғизо дар маҷлиси Ҳукумат: гузориши вазир ба Президент

Зикр мегардад, ки маҳдудияти ҷоришуда ба шахсоне, ки дорои шиносномаи дипломатӣ ҳастанд, марбут нест.

Зимнан, муовини сарвазири Қирғизистон Олтиной Омурбеков изҳор намудаст, ки сари кори гирифтан аз маҳдудит барои шаҳрвандони 5 кишвар дар шароити феълӣ аз рӯи зарурат аст.

Дар Қирғизистон феълан ягон мавриди гирифторӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт нагардидааст.