Маризии сироятии коронавирус ба Қафқоз низ расидаст. Алъон ду мавриди гирифторӣ ба ин маризӣ дар Гурҷистон сабт шудааст.
Гуфта мешавад, яке аз дардмандони ин беморӣ, коронавирусро аз Эрон ба Озарбойҷон интиқол додаст. Ҳамзамон дар беморхона як ҷавонзани дигар, ки аз Италия баргаштааст, бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ аст.
Гузашта аз ин, тибқи расонаҳои ин кишвар, наздики 50 нафар ба гумони гирифторӣ ба маризии сироятии коронавирус ба карантин фаро гирифта шудаанд.
“Рӯбӯсӣ накунед!” Як гирифтор, бастани марз бо Эрон ва эълони вазъи изтирорӣ
Дар ҳамин ҳол, Тифлис ва Ереван ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, ба рафтуойи қатораҳо самти Эрон маҳдудият ҷорӣ намудаанд.
Бар тибқи маълумоти ахир, дар ҷаҳон аллакай беш аз 80 ҳазор нафар мубталои коронавирус шуда, ҳудуди 3000 нафар дар пайи гирифторшавӣ ба ин касалӣ ба ҳалокат расиданд.