200 мавриди машкук: қарантини шаҳрванди боз 4 кишвари дигар дар Тоҷикистон

Тоҷикистон шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия ва Эронро низ таҳти қарантина мегирад. Онҳо бештар аз чиниҳо ба манбаъи густариши “вируси тоҷдор” ё “коронавирус” табдил ёфтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 феврал - Sputnik. Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамзамон раиси Ситоди ҷилавгирӣ аз “коронавирус” дар Тоҷикистон гуфт, бино ба таҳлилҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, “коронавирус” ба кишварҳо ва ҳатто қораҳои дигар бештар аз ин кишварҳо густариш меёбад: “Тибқи иттилоое, ки ҳамарӯза Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ихтиёри мо мегузорад, дар шабонарӯзи гузашта мавориди густариши вируси мазкур аз Италия ба Бразилия, Юнон, Мақдунияи Шимолӣ, Руминия, аз Эрон ба Гурҷистону Покистон ва аз Чин ба Норвегия сабт шудааст”.

Дар Эрон шумори фавтидагон аз “коронавирус” ба 26 нафар расид

 Ин ба он маъност, ки маркази густариши “коронавирус” аз Чин ба ин кишварҳо кӯч кардааст ва мо зарур донистем назорати эпидемиологии 14 - рузаро барои онҳое, ки аз ин кишварҳо меоянд, ҷорӣ намоем”, - гуфт Камолзода.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз 1 то 27 феврали соли равон 1227 нафар шаҳрванди Тоҷикистону Чин таҳти қарантин қарор гирифта, то имрӯз 1003 нафари онҳо рухсат шудаанд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, аз 1227 нафаре, ки таҳти қарантина қарор доштанд, наздики 200 мавриди машкук муайян шуда, аз онҳо намунаи ташхисӣ гирифта шудааст.

“Ин маворидро мо муайян карда, намунаҳои ташхиси онҳоро бо мусоидати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба шаҳри Новосибирски Русия ва Лондони Бритониёи Кабир фиристодем, то аз назорати хориҷии сифат ё бозбинии ташхис гузарондем. Хушбахтона, ҳамаи онҳо тоза баромаданд, ё манфӣ арзёбӣ гардиданд”, - гуфт Мирҳамуддин Камолзода.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта изҳор дошта буданд, ки вуруди шаҳрвандони Чин ба Тоҷикистонро наметавонанд манъ кунанд, зеро аксари онҳо бо даъвати мақомот меоянд ва дар тарҳҳои муштараки сармоягузории ду кишвар минҳайси мутахассис кор мекунанд.

Мураххасии наздики 200 нафар аз карантин дар Тоҷикистон

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гуфт, аз 215 нафаре, ки ҳоло дар марокизи провизорӣ ё махсусшуда нигаҳдорӣ мешаванд, 196 нафар шаҳрванди Чинанд.

 “Инҳо онҳое ҳастанд, ки дар Тоҷикистон кор мекарданд ва барои таҷлили соли нави чинӣ ба ватан рафта буданд. Аммо аксаран мутахасссоне мебошанд, ки аз сӯи вазоратҳои нақлиёт ва саноату технологияҳои нав даъват шудаанд. Онҳо ҳанӯз онҳо наомада, хатсайри худро барои мо маълум мекунанд. Шарти мо ба вазоратҳо ҳам ин аст, ки мутахассисони даъватшуда бояд давраи ҳатмии 14 – рӯзаи қарантинро гузаранд”, - гуфт Мирҳамуддин Камолзода.

Тибқи иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳоло дар саросари кишвар, аз ҷумла Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва Варзоб ҷойҳои провизорӣ (махсус) ташкил шудааст.