Саноат дар зиндонҳо: вазири тоҷик аз аҳамияти кори музднок барои маҳбусон гуфт

Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар зиндонҳои кишвар баррасӣ шуда, аҳамияти татбиқи барномаи давлатӣ дар ин бахш таъкид шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Имрӯз дар маҷлиси Ҳукумат нахуст иҷрои қарор “Дар бораи Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” баррасӣ шуд, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.

Талоши Кумитаи дин барои баргардонидани маҳбусон аз роҳи ифротгароӣ

Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ин масъала вазири адлия Музаффар Ашуриён ҳисобот дода, дар сиёсати ислоҳи маҳкумшудагон барномаи мазкурро басо муҳим ва саривақтӣ хонд.

"Он барои рушди соҳаи истеҳсолӣ ва самаранок истифода бурдани муҳлати адои ҷазо мусоидат менамояд. Фаъолияти меҳнатии маҳкумшудагон ҳамчун воситаи муҳими тарбия, омили таҳкими тартибу интизом дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ мебошад", - изҳор дошт Ашуриён.

Файзулло Сафарзод собиқ сардори зиндони Хуҷанд ба озодӣ баромад

Зикр гардид, ки барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, аз 1 декабри соли 2014 қабул гардида буд.

Ҷои кор ҳаст, вале аксар авфшудаҳо намехоҳанд. Чаро?

Вазири адлия таъкид намуд, ки таъмини маҳбусон бо кори музднок имкон медиҳад, ки маҳбусон пасандоз ҷамъоварӣ кунанд.

Озодӣ бе порадиҳӣ: таъкиди Президент ба пешгирии фасод ҳангоми афв

"Меҳнати маҳкумшудагон ба фаъолияти муътадили муассисаи ислоҳӣ дар шароити муосир, қонеъ гардонидани талаботи худи маҳкумшудагон, соҳиби касби муайян гардидани онҳо, кумак расонидан ба оила ва ҷамъоварии пасандози зарурӣ барои ҷобаҷошавии онҳо баъди адои ҷазо низ имконият медиҳад", - илова кард вазир.

Ӯ афзуд, бо мақсади пешбурди истеҳсолот дар муассисаҳои ислоҳӣ, ҷалби бештари маҳкумшудагон ба корҳои музднок, баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда дар муассисаҳои ислоҳӣ татбиқи барнома идома дода мешавад.