Арзиши сомонӣ нисбат ба рубл, доллар ва евро барои имрӯз

Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи асъори хориҷиро барои имрӯз дар бозори нақду ғайринақдии кишвар эълон кардааст. Мувофиқи он назар ба рӯзҳои ахири ҳафтаи гузашта, арзиши рубл каме поён рафтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1470 то 0.1510 сомониро ташкил медиҳад, хабар додаст Бонки миллӣ.

Эълони Бонки миллӣ дар бораи арзиши сомонӣ нисбат ба асъори хориҷа

Ба иттилои манбаъ, нишондоди миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА  аз 9.6800 то 9.7000 сомонӣ ва 1 евро муодили 10.6170 то 10.6570 сомонӣ шудааст.

Дар қурби расмӣ дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст, ки имрӯз  доллари ИМА - 9.6800 сомонӣ, 1 евро - 10.6170 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1470 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз дафтарҳои асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.