Ҷеки Чан дардмандии худро ба коронавирус шарҳ дод

Хабари ба маризии коронавирус мубтало шудани актёри Ҳолливуд Ҷеки Чан дар сархати аксар расонаҳои хориҷӣ мечархид. Ҳунарманди кино дар сафҳаи худ асли воқеаро ба ҳаводоронаш шарҳ додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ҳунарманди Ҳолливуд, коргардони филм Чеки Чан дар сафҳаи Instagram-и худ хабари ба маризии коронавирус гирифтор шудан ва ба карантин фаро гирифтанашро шарҳ додааст.

Чанде қабл, расонаҳои хориҷӣ хабар дода буданд, ки Ҷеки Чан пас аз иштирок дар як шабнишинӣ, ба коронавирус мубтало шуда, бистарии беморхона гардид.

Писари Ҷеки Чан шаш моҳ зиндон мешавад

Бар хабари расонаҳо, гӯё яке аз меҳмонон, пулиси 48 - сола, дардманди маризии сироятии коронавирус буда, 59 меҳмони дигарро сироят намудаст.

Аммо Ҷеки Чан дар сафҳаи худ навиштааст, ки ин хабарҳо асоси воқеият надоранд ва аҳволи ӯ хуб аст.

"Сипос мегӯям ба ҳамаи шумо! Аҳволи ман хуб аст. Илтимос мекунам, ки дар ташвиш набошед, зеро ман дар карантин нестам. Умедворам, ки ҳамагии шумо низ хубу саломат ҳастед", - навиштааст ҳунарманди кино.

Ёдовар мешавем, қаблан Ҷеки Чан изҳор дошта буд, ба нафаре, ки алайҳи ин маризӣ ваксин пайдо мекунад, 145 ҳазор доллар ҳадя медиҳад.

"Ман дигар намехоҳам кӯчаҳои қаблан серодамро акнун холӣ бинам. Намехоҳам мушоҳида кунам, ки чӣ сон ҳамватанони ман муқобили ин маризӣ мубориза мебаранд: онҳо бояд аз зиндагӣ лаззат баранд, на баръакс", - зикр намуда буд Ҷеки Чан

Ба маълумоти ахир, дар ҷаҳон 82170 нафар дардманди маризии коронавирус мебошанд. Зимнан, 2804 нафар аз ин маризӣ ҷон бохта, 32898 бемори дигар шифо ёфтанд.