Путин гуфт дугоник надорад: "пешниҳод буд, вале напазируфтам"

Дар миёни умдатарин суолҳое, ки шаҳрвандони Русия мехоҳанд ба раисҷумҳури худ Владимир Путин ироа кунанд, масъалаи ҳаммонанд (двойник) доштани ӯ буд.
Sputnik

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар як мусоҳибаи махсус барои хабаргузории ТАСС ба силсила суолҳое, ки шаҳрвандони ин кишвар мехоҳанд ба раисҷумҳур ироа кунанд, посух додааст.

Хоксории Путин: сарпӯши афсари Фаластинро аз замин бардошта ба сараш пӯшонд

Яке аз ҷолибтарин суол, ки шумораи зиёди мардум мехоҳанд, ҷавобашро дарёбанд, ин дар мавриди дугоник доштани раисҷумҳури Русия мебошад.

Хабарнигори ТАСС ба Владимир Путин суол додааст, ки шумо ҳақиқатан Путин ҳастед?

Шӯхии Путин дар бораи пиразан - видео

Кишвардори Русия бо лабханд ҷавоб додааст, ки "бале".

Зимнан, Владимир Путин шарҳ додаст, ки замоне ба ӯ пешниҳод карданд, то як ҳаммонандаш пайдо кунанд,то дар ҳолатҳои зарурӣ аз номи раисҷумҳур ба минтақаҳои даргир биравад.

Путин гуфтааст, ки чунин пешниҳодро қабул надошт ва ҳеҷ зарурате дар доштани ҳаммонанди худро намебинад.