Дар маркази Душанбе намоишгоҳи зебои наврӯзӣ баргузор мешавад

Ҳамаи ҳунармандон бо хонаҳои чӯбин, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буда, дорои ороишоти баҳорӣ, стандарти аврупоӣ, барқ ва об мебошанд, таъмин мегарданд. Инчунин ҳамарӯза аз ҷониби рассомону устодон дарсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар Душанбе аз 1 март то 20 апрел бо дастгирии шаҳрдории пойтахт намоишгоҳи наврӯзӣ баргузор мешавад, гузориш медиҳад "Ховар".

Намоишгоҳ дар ҳамкорӣ бо  Маркази миллии "Иттифоқи ҳунармандон" ба муносибати ҷашни Наврӯз таҳти унвони "Ярмаркаи наврӯзӣ. Душанбе-2020" ташкил мегардад.

"Ҳамаи ҳунармандон бо хонаҳои чӯбин, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буда, дорои ороишоти баҳорӣ, стандарти аврупоӣ, барқ ва об мебошанд, таъмин мегарданд. Инчунин ҳамарӯза аз ҷониби рассомону устодон барои истеъдодҳои ҷавон дарсҳои омӯзишӣ  гузаронида мешаванд. Намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 10:00 то 11:00-и шаб идома меёбад", - омадааст дар иттилоия.
Панҷ корхонаи ресандагии Тоҷикистон маҳсулоти худро ба намоишгоҳи Истанбул мебаранд

Мақсад аз баргузор намудани ярмаркаи мазкур дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва шиносоӣ бо асарҳои ҳунармандон, рассомон ва кулолгарони дохиливу хориҷӣ гуфта мешавад. 

Ташаббускорони намоишгоҳ тасмим гирифтанд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ярмаркаи баҳорӣ баргузор намоянд, то дар он сокинону меҳмонони пойтахт ва хориҷиён ҷамъ омада, аз маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик бархӯрдор гарданд.

Аз Рузи модар то Наврӯз: 14 рӯзи истироҳати Тоҷикистониён дар моҳи март

Ҳамагон метавонанд тӯли як моҳ бо кори ҳунармандони мо аз наздик шинос шуда, туҳфаҳову ширинӣ харидорӣ намоянд.