Ҷашнвораи бузург: ба Данғара бештар аз 300 ҷавони хориҷӣ меҳмон мешаванд

Фестивали фарҳангии ҷавонон аз бахшҳои мухталиф иборат буда, дар он рақсу тарона ва сурудҳои дилнишин бо забонҳои гуногун қироат карда мешаванд. Дар барномаи он ҷавонони хориҷӣ бо забонҳои тоҷикӣ суруд месароянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ба наздикӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Фестивал ё ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони  хориҷӣ таҳти унвони "Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод" доир мегардад, гузориш медиҳад "Ховар".

Фестивали мазкур дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  баргузор шуда, дар он беш аз 300 нафар ҷавонон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон, намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарону намояндагони созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок менамоянд.

"Хӯшаи гандум": рамзи нави Данғара дар даромадгоҳ чигуна аст - акс
Ба иттилои манбаъ, Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ соли дуюм аст, ки аз ҷониби маҳфили "Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта"- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он  мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон,  ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар, ташаккули ҳисси ватандӯстии ҷавонон  ва тақвият додани  ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам  мебошад.

Фестивали фарҳангии ҷавонон аз бахшҳои мухталиф иборат буда, дар он рақсу тарона ва сурудҳои дилнишин бо забонҳои гуногун  қироат карда мешаванд. Дар барномаи он ҷавонони хориҷӣ бо забонҳои тоҷикӣ суруд месароянд.

Инчунин ҳайати иштирокчиён аз шаҳри Норак, мавзеъҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, таърихӣ ва Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара дидан мекунанд.