Созиши Тоҷикистону Туркия барои поси хотири Мавлоно Балхӣ

Масъалаи баргузории конфронсҳо бахшида ба мутафаккири машриқзамин Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар меҳвари баррасии Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва сафири Туркия Алӣ Рифат Кёксал қарор гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо сафири фавқулодаи Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал вохӯрӣ баргузор намуд.

Тавофуқи Тоҷикистон ва Туркия дар бахши мудирияти масрафи об

Ба иттилои котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот, масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркияро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Манбаъ меафзояд, сафири Туркия нахуст Давлатзодаро барои ба мақоми Вазири фарҳанг баргузида шудан, табрик намудааст.

Эрдуғон: Туркия ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон хоҳад буд

Алӣ Рифат Кёксал изҳор доштаст, ки ҷониби Туркия омода аст, бо кишвари ҳамнаво ва дӯсти худ Тоҷикистон дар тақвияти ҳамкориҳо боз ҳам саъй намояд.

Зимнан, намояндагони ду кишвар масъалаи баргузории конфронс бахшида ба мутафаккири машриқзамин Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар меҳвари гуфтугӯ қарор доданд.