Эрон бузургтарин шарики тиҷории Афғонистон шинохта шуд

Муовини идораи омори Афғонистон бо эъломи ин ки Эрон бузургтарин шарики тиҷории ин кишвар аст, изҳор дошт, Афғонистон дар соли 1398 –и хуршедӣ бештарин воридотро аз Эрон доштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ба гузориши ИРНА, Ҳасибуллоҳ Муваҳҳид, муовини идораи омори Афғонистон, рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, воридоти Афғонистон имсол 8,3 миллиард доллар буда, ки нисбат ба соли гузашта 8 дарсад коҳишро нишон медиҳад ва Эрон бо содироти 1.2 миллиард доллар бузургтарин шарики тиҷоратии ин кишвар шудааст.

Эрон омода аст дар таъмини амният ба Афғонистон ёрӣ расонад

Вай бидуни ишора ба рақами воридот аз Эрон гуфт, пас аз Эрон ба тартиб Чин, Покистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон бештарин содиротро ба Афғонистон доштаанд.

Эрон барои Тоҷикистону Афғонистон шабакаи телевизюнӣ роҳ меандозад

Ҳасибуллоҳ Муваҳҳид колоҳои воридотиро шомили маводи нафтӣ, гандум, мошинолот, равғани хӯрокӣ, маҳсулоти филизӣ ва барқ унвон кард.

Бар асоси гузориши идораи омори Афғонистон арзиши содироти ин кишвар дар соли 1398 муодили 1.5 миллиард доллар будааст.