Аз сангбардорӣ то чиликандозу чавгон ва хурӯсҷанг: ҷашнвораи варзишҳои миллии тоҷикон

Дар Тоҷикистон ҷашнвораи бозиҳои миллии варзишӣ дар назар аст, ки дар се марҳила, аз иди Наврӯз то ҷашни Истиқлол дар моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар барномаи ҷашнвора 2 намуди бозиҳо – расмӣ ва намоишӣ дар назар аст, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Наврӯзро дар Тоҷикистон таҷлил карданд

Манбаъ тавзеҳ дод, ки аз рӯи 8 намуди расмӣ, - куштии миллӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, сангбардорӣ – вазнбардорӣ, дастхобонӣ, давидан ба масофаҳои 200, 400, 800 метр, шоҳмот ва бандкашӣ зӯрозмоӣ сурат мегирад.

Дар феҳрасти намудҳои варзиши миллӣ, ки дар оғози Ҷашнвора  ба намоиш гузошта мешаванд, хурӯсҷанг, чиликандоз, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камолғулак, фалағмолпартоӣ, ҳойталак ва бандпарак зикр гардидаанд.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, марҳилаи аввали Ҷашнвораи бозиҳои миллии варзишӣ дар сатҳи ноҳия ва шаҳрҳо моҳи март бахшида ба иди Наврӯз, марҳилаи дуюм дар сатҳи минтақа ва вилоятҳо моҳи май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешаванд. Марҳилаи сеюм ва ҷамъбастии ҷашнвора моҳи сентябр бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир мегардад.