Аз Нилуфар то Сиёвуш Зуҳуров: 12 муштзани тоҷик барои роҳхати олимпӣ зӯрозмоӣ мекунанд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи бокс дар ҳайати 12 муштзану 3 мураббӣ дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё ва Уқёнус иштирок мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Мусобиқа 3-11 март дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун баргузор мешавад, хабар додаст Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Рефери бо суръати "нур" ҷони муштзани нокаутшударо наҷот дод - видео

Масъулияти баргузории мусобиқа, ба далели он, ки эътиборномаи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ бозхонд шуд, ба дӯши гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ вогузор шудааст.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ - 8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон сурат мегирад, 250 варзишгар аз 40 давлат барои 41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни бонувон талош мекунанд.

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Қосимова Сумайя дар вазни 51 кило, Самадова Миҷгона – 57 кило, Зулқайнарова Шоира - 60кг, Бобоёрова Нилуфар - 69кг, Сабзалиев Шуҳрат – 52кг, Сагизов Бахтовар - 57кг, Усмонов Баҳодур - 63кг, Мамадалиев Шералӣ - 69кг, Мирзомуҳаммади Бахтиёр - 75кг, Негматуллоев Шаббос - 81кг, Болтаев Давлат - 91кг ва Зуҳуров Сиёвуш дар вазни беш аз 91 кило дар мусобиқа иштирок мекунанд.

Қотили муштзани тоҷик дар Петербург ба 8 соли зиндон маҳкум шуд

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, варзишгаронро сармураббии дастаи мунтахаб оид ба бокс Мирзо Шамсиев, мураббиён Парвиз Ахмедов ва Аббос Негматуллоев ҳамроҳӣ мекунанд.

Тибқи низомнома дар қораи Осиё ва Уқёнус, миёни бонувон дар вазни -51 кило 6 нафар, дар вазнҳои -57кг, -60кг, -69кг, -75кг 4-нафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои -52кг, -57кг, -63кг 6-нафарӣ, дар вазнҳои -69кг, -75кг, -81кг 5-нафарӣ ва дар вазнҳои -91кг, +91кг 4-нафарӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.

Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳон, ки 13-20 май дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад, барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд. Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ низ дар ҳар вазн аз 3 то 6 роҳхат дода мешавад.