ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳарчанд масъулини тарабхонаи "Абрикол" қаблан барои риоя накардани реҷаи кории муқарраршуда ва халалдор намудани оромии сокинон, аз ҷониби кормандони митилсия огоҳонида шуданд, вале ҳамоно ба кори худ идома медоданд.
Ахиран, фаъолияти ин тарабхона бо ҷурми риоя накардани қарори раиси шаҳри Душанбе бо дастрасии моддаи 462 қисми 1 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муваққатан манъ карда шуд.
Дар ҳамин ҳол ВУД Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 14 - уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ бо вазири ин ниҳод Рамазон Раҳимзода, хабарнигори тоҷик Эраҷ Холов аз фаъолияти тарабхонаи "Абрикол" шикоят намуда, афзудааст, ки қаблан низ ба телефони боварии вазир аз фаъолияти шабонарӯзии ин тарабхона шикоят намуда буд.
Андозгурезӣ дар "шоу-бизнес": аз раққосаҳои Душанбе то сарояндаҳои Данғараю Бадахшон
Қобили зикр аст, ки тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, реҷаи кории муассисаҳои фароғатӣ дар мавсими тирамоҳ ва зимистон то соати 23:00 ва баҳору тобистон то 24:00 муқаррар гардидааст.