Коронавирус: дар ВМКБ 29 кас мураххас шуду як нафар дар карантин қарор дорад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон феълан як нафар таҳти карантин қарор дорад, гуфт сардори Раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси ВМКБ, дар машварати васеи назди раиси ВМКБ, масъалаи солимгардонии аҳолӣ баррасӣ шудааст.

Дар ин росто, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров гузориш додааст.

Дар мавриди "коронавирус" Фарид Музаффаров гуфтааст, ки аз 29 нафаре, ки дар карантин қарор доштанд, танҳо як нафар ҳоло дар беморхонаи вилоятӣ қарор дорад ва хушбахтона, то ҳоло нишонаҳои ин беморӣ дар вилоят ба қайд гирифта нашудааст.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов фаъолияти сохторҳои марбутаи соҳаи тандурустии вилоятро дар самти пешгирӣ кардани касалиҳо, аз ҷумла нашъамандӣ, ВНМО, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим дар байни ҷомеа, нигаҳдошти саломатии занони ҳомиладор нокифоя арзёбӣ намуд.

Сарусадои зуҳури "коронавирус" дар Мурғоб ва шарҳи Ҳукумати ВМКБ

Коронавирус ва Тоҷикистон: 882 шаҳрванди Чин аз беморхонаҳо мураххас гардид

Раис аҳамият надодан ба одитарин қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, истеъмоли нодурусти ғизо, камҳаракатӣ, машғул нагардидан ба варзишро аз омилҳои гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳо гуфт.

Коронавирус

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар Эрон, Афғонистон, Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Ветнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.