ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Бино ба иттилоъи пойгоҳи хабарии “Майдони сабз”, клуби футболи “Каганат”-и кишвари Қирғизистон бо Ҳаким Фузайлов қарордоди яксола ба имзо расонидааст.
“Фузайлов 10-рӯзи охир ба кишвари Қирғизистон қарор дошт ва тибқи қарордод, ҳоло тими “Каганат”-и шаҳри Ошро тамрин медиҳад”, - иттилоъ додааст, “Майдони сабз”.
Ҳаким Фузайлов, аз коршиносони аршади умури футбол дониста мешавад, ки дар гузашта минҳайси муррабӣ дар чандтин дастаҳои маъруфи олами футбол кор кардааст. Фаъолияти мураббигии ӯ аз солҳои 1990 дар дастаҳои футболи “Бухоро” ва “Динамо Самарқанд” оғоз шудааст.
Соли 2003, Фузайлов ба кор ба дастаи “Андиҷон” даъват шуда, баъди як сол мураббии “Титана”- и вилояти Маскав таъин гардидааст. Соли 2005 -2011, ба сифати муррабӣ ва ёвари мураббӣ дар клуби футболи “Ростов” ва “Локомотив” и Маскав кор кардааст. Дар солҳои 2016-2018 Ҳаким Фузайлов дар вазифаи сармураббии тими милли Тоҷикистон фаъолият карда буд.
То соли 2019, ӯ бо дастаҳои “Локомотив”- и шаҳри Тошканд ва “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе фаъолият бурда, ҳамчун мураббӣ ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон дар соли 2019 мебошад. Худи ӯ, дар гузашта бозигари дастаи футболи овозадори “Помир” буд.
Бино ба хабари “Майдони сабз”, ҳоло ба ҳисоби мураббӣ Ҳаким Фузайлов, се футболбози тоҷик, ки ахиран дар клуби футболи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бозӣ мекарданд, ба дастаи “Каганат” и Қирғизистон гузаштаанд. Инҳо ҳимоятгарон Оятулло Сафаров ва Фирӯз Қараев ва ҳамлагар Тоҳир Маладӯстов будаанд.