Бунёди Оқохон дар се ноҳияи ВМКБ марказҳои саломатӣ бунёд мекунад

Дар Душанбе созишномаҳои барқарорсозии маркази ҷавонон дар шаҳри Хоруғ ва сохтмони марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон ва Шуғнон, ба маблағи 217,490 доллар имзо шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар чорчӯби Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ (GGP) бо Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон ва ташкилоти Оксфам, панҷ тарҳе, ки баҳри рушди соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, ба тасвиб расиданд.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" созишномаҳои муштарак имрӯз, 25 феврал дар Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон аз ҷониби сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо ба тасвиб расидаанд.

"Маблағи умумии грантҳо 303,590 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Дар доираи созишномаҳо, Лоиҳаи барқарорсозии маркази ҷавонон дар шаҳри Хоруғ имзо шудааст.

Муаррифии тарҳи нави Бунёди Оқохон дар ВМКБ

Инчунин се тарҳ барои сохтмони марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳбари Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев ба маблағи 217,490 доллари ИМА ба имзо расонида шудаанд.

Бунёди Оқохон дар НТМ 6 маркази рушди барвақтии кӯдак боз кард

Манбаъ афзуда, ки дар назар ҳаст, тарҳи беҳтар намудани низоми хати оби нӯшокӣ дар 4 деҳаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳбари ташкилоти "Oxfam GB" дар Тоҷикистон Шавкат Ализода бо маблағи 86,100 доллар имзо шуд.