ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Байни вазоратҳои умури хориҷии Русиву Тоҷикистон барномаи ҳамкорӣ имзо шуд, гузориш медиҳад ВКХ Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, бо даъвати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров 24-25 феврали соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Русия боздиди расмӣ намуд.
"Таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи тавофуқҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия 17 апрели соли 2019 ҳосил шуда буд, зоҳир гардид", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Сироҷиддин Муҳриддин: дар Сурия 212 нафар занону кӯдакон хостори бозгашт ба Тоҷикистонанд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.