Ҳалокати дучархарони 63 - сола дар рӯзи ид: зери чархи мошини Ҷӯрабек монд

Ронандаи 33 - солаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" аз уҳдаи идораи мошин набаромада, дучархарони 63 - соларо пахш намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор дар ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад, ки дучархарони 63 - сола зери чархи мошин монда, дар бемористон ҷон бохт.

Фавти раиси Додгоҳи шаҳри Истаравшан ва корманди хоҷагии ҷангал дар пайи садамаи нақлиётӣ

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 23-юми феврали соли 2020, тахминан соатҳои 08:00 дақиқа рух дод.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Махкамов Ҷӯрабеки 34 - сола, сокини ноҳияи Н.Хусрав, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Н.Хусрав ба самти ноҳияи Шаҳритус дар ҳудуди деҳаи Олтинсой, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Эшмуродов Ақназари 63 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзаро пахш намудааст", - омадааст дар хабар.

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ"

Дар натиҷа велосипедрон, Эшмуродов А.Э. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.