ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, Русия ба Тоҷикистон дар сохтан ва муҷаҳҳазгардонии панҷ мактаби русзабон кӯмак хоҳад кард.
"Русия як созишномаи байниҳукуматиро дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳазгардондани панҷ мактаб дар Тоҷикистон: дар Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки дар онҷо таълим пурра бо забони русӣ гузаронида мешавад, ба тасвиб расонд", - изҳор дошт роҳбари вазорат.
Лавров инчунин аз густариши равобити дуҷонибаи фарҳангӣ, гуманитарӣ ва маърифатӣ байни Русия ва Тоҷикистонро қайд кард.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ ба ҷонибдорӣ аз сохтмони панҷ макотиби русзабон дар Тоҷикистон қонунеро ба тасвиб расонд.
“Забони стратегӣ”: ҳузури Русия дар маорифи Тоҷикистон
Гуфта мешавад, мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила сохта шуда ҳудуди 1,2 ҳазор хонандаро дар бар хоҳанд гирифт.
Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани макотиб, таълим мувофиқи стандартҳои Россия гузаронида мешавад.