Узрхоҳии блогери рус Иля Варламов аз мардуми Самарқанд-акс

Блогери рус Иля Варламов аз шаҳри қадимаи Осиёи Марказӣ - Самарқанд дидан карда дар саҳифааш "ЖЖ" гузориши аксие нашр карда нуқсонҳои зиёдеро нишон дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Иля Варламов блогери рус пас аз боздиди Самарқанд аз инфрасохтори сайёҳии ин шаҳр интиқод кард ва пасон аз мардум узрхоҳӣ кард.

Бино ба гуфти Варламон пас аз нашри чанд аксе дар ҳафтаномааш "Живой Журнал", Самарқанд "ҷӯшид" - мақомдорон даррав чандин маконро таъмир карданд. 

Отабек Абдуллоев раҳбари Идораи ободкории шаҳр дар саҳифааш дар Facebook аз корҳои анҷомдодаашон гузориши аксӣ нашр кард. Ӯ ҳамчунин аз номи мақомдорон узрхоҳӣ карда, ваъда дод, ки минбаъд ноқисиҳоро зудтар бартараф хоҳанд кард.

"Таваққуфгоҳи мошинҳоро ба тартиб овардаанд, ин ҷо партови бетонӣ камтар шудааст- қайд кардааст Варламов. Атбатта ободкорӣ дар як рӯз намешавад, вале ҳатто дар ин росто мақомдорони шаҳр ҳар ҷое кӯзаҳои гулро ҷой дода симои Самарқандро беҳтар кардаанд".

"Аз як тараф ин бисёр хуб аст. Вокуниши саривақтӣ ба интиқод. Аз ҷониби дигар ман худро ноҳинҷор эҳсос мекунам, чун рӯякӣ аз шаҳр боздид кардам. Агар ман медонистам, ки мақомдорони Самарқанд чунин тез ноқисиҳоро бартараф мекунанд, беҳтар сайёҳат мекардам. Узр мехоҳем", - навиштааст блогер.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки албатта ба Ӯзбекистон бозмегардад, чун бояд аз Тошканд низ дидан кунад.