Савганди мақомдори пулиси Амрико бо Қуръон ба ҷои Инҷил

Раиси пулиси ҷадиди яке аз шаҳрҳои иёлоти Ню Ҷерсӣ дар шарқи Амрико ба ҷои Инҷил аз Қуръон барои маросими адои савганд истифода кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Иброҳим Майк Байкуро, як амрикоии турктабор ва аввалин раиси пулиси мусалмон дар Ню Ҷерсӣ аст, ки ба тозагӣ ба вазифаи роҳбари пулиси шаҳри Петерсони ин иёлат интихоб шуд ва дар маросими адои савганд ба ҷои Инҷил аз Қуръон истифода кард.

Даргузашти мутарҷими Қуръон Валерия Порохова дар Маскав

Андре Сайг, шаҳрдори шаҳри Петерсон гуфт, ин афсар аввалин раиси пулиси турктабори таърихи Амрико аст.

Пас аз адои савганди расмии ин афсари 60 сола бо Қуръон, имоми ҷамоати шаҳри Петерсон аз вай қадрдонӣ кард.

Ёдрас мешавем, ки ахиран нахустин Қуръон ба хатти брайл барои истифодаи афроди нобино дар шаҳри Карочии Покистон чоп шуд. То кунун 100 ҷилд аз ин Қуръон тавлид шуда ва чопхона низ эълом карда, нусахаи баъдӣ бо забонҳои мухталиф чоп хоҳад шуд.

Қуръони хатти брайли Покистон дар 6 ҷилд чоп шудааст ва ҳар ҷилд шомили 5 ҷузъ аст.

Қуръон  - китоби бузург ва муқаддаси мусулмонони ҷаҳон мебошад. Ба пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шудааст. Иборат аз 114 сура ва 6236 оят аст. Сураи калонтарини Қуръон сураи Бақара. Бузургтарин ояти Қуръон Оятал-курсӣ мебошад.