Роҳзанӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории Фахробод

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати роҳзанӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҷамоати Фахрободи ноҳияи Хуросон хабар дод, ки нисфи шаби 20 феврал рух додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik.  Санаи 20-уми феврали соли равон тахминан соатҳои 01:20-дақиқа, шахси номаълум бо мақсади роҳзанӣ ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон ҳамла кардааст, хабар дод ВУД Тоҷикистон.

Ҳар рӯз зиёда аз 3 ҷинояти террористӣ: ҳисоби милисаҳои Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, ҳамлагар бо истифода аз корд ба фурӯшандаи нуқтаи сӯзишворӣ, марди 65-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи мазкур таҳдиду зуроварӣ намуда, 1 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

ВУД иттилоъ додааст, ки нуқтаи мазкур ба соҳибкор, марди 45-солаи сокини Хуросон тааллуқ дорад ва дар пайи ҳодисаи роҳзанӣ танҳо фурӯшандаи НФС аз дасташ зарба хӯрдааст.

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун, бо гумони содир намудани кирдори роҳзанӣ дастгир карда шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Мақомот таъкид намуданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.