Раҳмон аз нақши артиш дар ҷанги шаҳрвандӣ ва қатъи ҷангу хунрезӣ дар кишвар ёдрас шуд

Имрӯз дар Кохи Борбад Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27 — солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи кишвар иштирок ва суханронӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ин ҷамъомад гуфт, қувваҳои мусаллаҳ, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи пурқудрати ҳимоятгари давлат табдил ёфтаанд.

Интиқоди Раҳмон аз интернети суст ва дастур ба Хадамоти алоқа

Инчунин вай таъкид дошт, қувваҳои мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, бо талошу артиш сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд.

“Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем”, — иброз зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Сипас баъд аз суханронии Президент ҷамъомади идонаро барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар баргузор гардид.