ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазортаи тандурустии Тоҷикистон, озмоишгоҳи миллии референсӣ-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи модар аз 1 то 8 марти соли равон ба тамоми занону духтарони кишвар ташхиси ройгонро ба роҳ мемонад.
Тибқи иттилои манбаъ, занону духтарони кишвар ташхиси се намуд кандидоз-албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат ва гепатити Б-ро ба таври ройгон ба роҳ мемонад.
Инчунин, вазорати тандурустӣ қайд намудааст, ки озмоишгоҳи мазкур бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 1 то 21 марти соли равон тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ташхиси ройгон барои муайян кардани диабети қанд, хун барои уфунат ва гепатити Б фаро хоҳад гирифт.
“Хоҳишманон метавонанд наҳорӣ накарда, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи бо суроғаи шаҳри Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қараболо) муроҷиат намоянд”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.