ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Душанбе аз ошкор шудани як манбаи бузурги паҳн кардани силоҳи сард хабар доданд.
Дар натиҷаи санҷиш ва азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур миқдори зиёди предметҳои халландаю бурранда, аз ҷумла: кордҳoи калон (штикнож) 17-адад, кордҳои майда (ниндзя) 78-адад, кордҳои калон (ниндзя) 48-адад, корди каҷ 43-адад, корди рост 30-адад, кордча-кастет 12-адад, корди шапарак (бабочка) калон 99-адад, корди шапарак (бабочка) майда 343-адад дарёфт гардиданд.
"Дилбари кастет ба даст": Марям гуфт, чаро бо “силоҳи сард” мегардад
Ҳамчунин - 106-адад чапқу, 12-адад чапқуи калон, 15-адад чапқу-пистолет, 15-адад финка, 70 адад - финкаи хурд, 74 адад шашпаҳлӯ (звезда), 12 адад - кастет , 10 адад электрошоки дароз, 63 адад электрошоки хурд, 46 адад дубинкаи оҳанин, 9 адад чӯбдаст (бита) ва се адад табар мусодира шудааст.
Корд ба қалби Дилмурод: тафсилоти куштори донишҷӯй дар роҳ ба донишгоҳ - акс
Дар маҷмӯъ 1650 адад силоҳи сард дарёфту мусодира карда шуданд.
Соҳиби дӯкон Зафар Чиллаев, сокини 42-солаи кӯчаи Фирдавсӣ зимни бозпурсӣ гуфтааст, ки ба хотири даромад ин силоҳҳои сардро ба фурӯш гузошта буд.
Кордкашии ду ҷавон дар Душанбе ба марг анҷомид
Бо ҳукми додгоҳ, Зафар Чиллаев ба маблағи 1276 сомонӣ ҷарима баста шуда, 1650 силоҳи сарди аз дӯкони ӯ мусодирашударо гудохта, несту нобуд кардаанд.