Тағйироти кадрӣ: таъйини ҷойгузинҳои Абдуллозода ва Ҳилолбӣ Қурбонзода

Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, зимни ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор ду нафарро аз ҳайаташ хориҷ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Абдуҷаббор Азизӣ, зимни ҷаласа изҳор дошт, ки  Раҳмонзода Абдулло ва Қурбонзода Ҳилолбӣ бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанашон ва берун аз ҳудуди вилоят иқомат доштанашон аз ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон озод карда шуданд.

Рақибони Қодири Қосим дар Ванҷ ва Гиёзода дар Хоруғ киҳоянд?

Ба иттилои Азизӣ ба ҷои онҳо ҳайати нав Миралиён Қиёмиддин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саломзода Сиҷовиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар интихоб гардиданд.

"Дар доираи баргузории маҷлис Раҳмонзода Абдулло ба хотири фаъолияти пурсамар нишон доданаш дар Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон қадршиносӣ шуд", - омадааст дар иттилоияи ҲХДТ.

Бародарони бекори раиси нави Кумита: ӯ гуфт, феъли таъини хешу шинос ба мақомҳоро надорад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аввали соли равон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахонро ба ҷои Идигул Қосимзода раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумат таъйин кард. Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.