Шикасти "Истиқлол" дар нахустин дидори дӯстонааш аз тими “Чжэтсян Гринтаун”-и Чин

Тими “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар нахустин дидори дӯстонааш дар Анталяи Туркия аз дастаи “Чжэтсян Гринтаун” -и Чин шикаст хӯрд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи бошгоҳи “Истиқлол” бозии дӯстона дар доираи омодагиҳои даста бо “Чжэтсян Гринтаун”  рӯзи 20 феврал доир гашта бо ҳисоби 0:1 хотима ёфт.

Сармураббии нави дастаи "Истиқлол" Виталий Левченко таъйин шуд

Ба иттилои манбаъ, голи ягонаи бозиро Дино Ндлову, ҳамлавари “Чжэтсян Гринтаун” ва бозигари мунтахаби Африқои Ҷанубӣ тариқи зарбаи ёздаҳметра ба ҳадаф расонид.

Гуфта мешавад, “Истиқлол”-и Душанбе бозии дуюми дӯстонаашро фардо бо “Шахтёр”-и Қарагандаи Қазоқистон барпо хоҳад кард.

Ҳайати “Истиқлол”-и Душанбе дар рақобати дӯстона аз ин қабал буд: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Марко Милич (Виктор Свежов, 75), Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 63), Табрези Давлатмир (Далер Ёдгоров, 78), Хуршед-Темур Ҷӯраев (Ваҳдат Ҳанонов, 58), Алишер Ҷалилов, Саидмухтор Азимов, Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 63), Ваҳит Оразсахедов (Салам Ашурмамадов, 68).

Ёдовар мешавем, ахиран раҳбарияти бошгоҳи “Истиқлол” Виталий Левченко, собиқ муҳофизагари яккачини Тоҷикистонро сармурабии даста таъйин намуд.