Оғози гуфтушунидҳо бо Қирғизистон: Азим Иброҳим ба Ботканд рафт

Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон барои ҳалли қазияи марзӣ ба вилояти Ботканд сафар карданд. Он ҷо мақомоти тоҷик бо намояндагони ҳукуматии Қирғизистон мулоқот хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар Ботканд нишшасти ҳайати ҳукуматии Тоҷикистону Қирғзистон дар масоили марзӣ оғоз шуд, гузориш додааст дафтари матбуоти Ҳукумати Қирғизистон.

Аҳмадзода дар бораи ҷараёни тақсими марз бо Қирғизистон гуфт
Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим ва Қирғизистонро низ муовини сарвазир Акрам Мадумаров намояндагӣ мекунанд.

Афзун бар ин, ба ҳайати ҳукуматии ҳарду кишвар мақомдорони низомӣ ва роҳбарони вилоятҳои Суғду Ботканд шомиланд.

Ҷонибҳо дар суханронии муқаддимавиашон ҳарду умед бар ҳалли ҳарчи зудтари масоли марзӣ байни ду кишвар бастаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон боз сари миз менишинанд: баррасии масоили марзӣ

 

Дар рӯзномаи маҷлис кори ояндаи ҳайатҳои ҳукуматӣ дар муайян кардани хати марзи давлатӣ, масоили таҳкими амнияти марзӣ ва ҳамкориҳо баррасӣ гардид.