ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Пойгоҳи таҳлилии фаронсавӣ, Insurly зимни як радабандии амнияти сайёҳон, Тоҷикистонро бо 53 хол аз 100-и имконпазир миёни 180 давлати дунё дар ҷойи 93-юм қарор додаст.
Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои мақбул барои сайёҳӣ шомил шудааст, аммо дар баробари ин бархе хатарҳо барои сайёҳон зикр гардидаанд.
Аз ҷумла зикр шудааст, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар заминаи маишӣ миёна буда, таъкид гардидааст, ки хатари терроризм дар кишвар ҷой надорад. Хатарҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон миёна баҳогузорӣ шудааст.
Инчунин таҳлилгарони фаронсавӣ ба нишондоди баланди садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон таъкид намудаанд.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон бо мақоми 46-ум пешсаф буда, Туркманистон дар зинаи 60, Қазоқистон – 71 ва Қирғизистон дар мақоми 106 ҷой гирифтааст.
Радабандӣ дар асоси иттилооти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Комиссияи аврупоӣ, Раёсати СММ дар бахши мухаддироту ҷинояткорӣ, Пойгоҳи ҷаҳонии терроризм ва Донишгоҳи СММ таҳия шудааст.