ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аввалин намоишгоҳи кундал баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ наздики шаст мусаввараи кундал ба маърази тамошо гузошта шуда, тамошобинон метавонанд дар давоми як моҳ аз он дидан кунанд.
Бино ба гузориши Вазорти фарҳанги Тоҷикистон, чорабинӣ ба ифтихори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ташкил гардида буд.
Дар ин намоишгоҳ ёвари Президент дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарияти Вазорати фарҳанг, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, рассомону аксбардорон ширкат кардаанд.
"Абдуҷаббор Раҳмонзода аҳли донишкада ва Вазорати фарҳангро бо ташкили аввалин намоишгоҳи кундал дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба мавқеи санъати кундал дар дирӯз ва имрӯзи санъати тасвирии халқи тоҷик ҳарф задааст", - омадааст дар хабарнома.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода сухан гуфта, ба ташкилкунандагони намоишгоҳ ибрози сипос намуд ва ба аҳли омӯзгорон ва муҳассилини донишкада муваффақиятҳои нави эҷодӣ ва парвози баландро таманно кардааст.