Раҳмонзода дар нахустин намоишгоҳи кундал дар Тоҷикистон сухан гуфт

© © Министерство культуры РТПервая выставка кундал в Душанбе
Первая выставка кундал в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуҷаббор Раҳмонзода ёвари Президент дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар нахустин намоишгоҳи кундал бар Тоҷикистон сухан гуфт

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аввалин намоишгоҳи кундал баргузор гардид.

Абдуджаббор Рахмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барканорию таъиноти Раҳмонзода тасдиқ нашуд: дигаронро гуселу муаррифӣ мекунад

Дар намоишгоҳ наздики шаст мусаввараи кундал ба маърази тамошо гузошта шуда, тамошобинон метавонанд дар давоми як моҳ аз он дидан кунанд.

Бино ба гузориши Вазорти фарҳанги Тоҷикистон, чорабинӣ ба ифтихори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ташкил гардида буд.

Дар ин намоишгоҳ ёвари Президент дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарияти Вазорати фарҳанг, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, рассомону аксбардорон ширкат кардаанд.

"Абдуҷаббор Раҳмонзода аҳли донишкада ва Вазорати фарҳангро бо ташкили аввалин намоишгоҳи кундал дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба мавқеи санъати кундал дар дирӯз ва имрӯзи санъати тасвирии халқи тоҷик ҳарф задааст", - омадааст дар хабарнома.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода сухан гуфта, ба ташкилкунандагони намоишгоҳ ибрози сипос намуд ва ба аҳли омӯзгорон ва муҳассилини донишкада муваффақиятҳои нави эҷодӣ ва парвози баландро таманно кардааст.

Лентаи хабарҳо
0