Кордкашии сокини 56 - солаи Исфара дар маркази букмекерии "Формула - 55"

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кордкашии сокини 56 - солаи шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки ҳамшаҳрии 30 - солаи худро захмӣ намудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Кормандони милитсия дар шаҳри Исфара, як сокини шаҳрро боздошт намуданд, ки дар расондани зарар ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.

Сӯиқасд ба ҷони ҳамсар: пулис марди 32 соларо боздошт кард, ки завҷаашро корд зад

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, марди 56 - сола, рӯзи 17 - уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 22:00 дар дохили ҶДММ "Формула - 22", воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо марди 30 - солаи ҳамин шаҳр муноқиша намудаст.

Корд дар даст: занозании ду ҷавон дар рафти мусобиқаи ММА дар Нур-Султон - Навор

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки дар натиҷаи муноқишаи ба миёномада, бо корд ба панҷаи дасти росташ зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа ҷабридида ҷароҳати ҷисмонии мансуб ба зарари миёна ба саломатӣ бардоштааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.