Гиряи кормандон барои раис: Афзалшоҳ Шодиев дар бораи барканорӣ ва нақшаҳои баъдӣ

Афзалшоҳ Шодиев, мегӯяд, дар давоми фаъолият кормандон розӣ буданд ва ҳатто ин субҳ 500-600 нафар баромада гиря карданд, ки шумо меравед
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки имрӯз аз вазифаи раҳбарии Филармонияи давлатӣ барканор шуд, зимни як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин макон 5 солу 8 моҳ кор кардааст ва мехоҳад каме ба эҷод машғул шавад.

Шитоби мухлисони самарқандии Афзалшоҳ ба дидорбиниву таронаи нави овозхон - Видео

Афзалшоҳ Шодиев гуфт, ба дигар кор мегузарад, аммо ҳоло мехоҳад каме ба эҷод машғул шавад. Номбурда дар хусуси кори дигар гузаштанаш гуфт, ҳоло маълум нест, шояд шавад.

Ӯ гуфт, барканорияш аз ин вазифа бо розигии худаш сурат гирифтаст ва аз фаъолияташ дар ин макон хурсанд аст.

Ҳунарманди шинохтаи кишвар дар хусуси фаъолияти беш аз панҷсолааш гуфт, дар ин маокон бо сари баланд кор кард ва кормандону раҳбари ҷумҳурӣ аз фаъолияташ розӣ буданд.

 “Фаъолиятҳо дар давоми роҳбарӣ  беҳтарин буд.  Сатҳи ҳунара боло бардоштем, Филармонияро ба сатҳи олӣ таъмир кардем, ба маркази гармидиҳии шаҳр пайваст кардем ,1000 дона курсиҳои нав барои тамошобинон гузоштем. Давоми фаъолият президент ҳамеша дастгирӣ мекарданд, ва ҳама ободиҳо дар Филармония бо дастгирии раҳбари кишвар буд”.

Зулфия Давлатзода, вазири нави фарҳанги кишвар имрӯз бо як фармон, Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи кишвар аз вазифаи роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Аккашари Ҷӯраев  барканор кард.

Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз Чоршанбе, Афзалшоҳ ва ансамбли "Зебо"

Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон,  ба ҷойи Афзалшоҳ Шодиев ба вазифаи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон Кароматулло Раҳимзода, ки то ин вақт директори мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд, таъйин шуд.

Масъулини вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон қайд карданд, ки тағйироти кадрӣ дар Филармонияи давлатӣ дар асоси ротатсия ё ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда сурат гирифтааст.

Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони маъруфи тоҷик, аз соли 2014 боз раёсати Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраевро бар уҳда дошт. Дар гузашта таронаҳои ӯ дар бораи Самарқанду Бухоро миёни мардуми Тоҷикистон маҳбубияти зиёде пайдо кард.

Ӯ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст ва дар моҳи феврали соли 2013 дар Русия ҷоизаи "Хиради Миллат"-ро дарёфт кардааст.