ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Вакили парлумони Қирғизистон Канибек Иманалиев ба Вазорати умури хориҷаи кишвараш пешниҳод намудааст, ки сардори Раёсати ВКД Суғд генерал Абдулло Навҷувоновро, ки ахиран зимни нишасти матбуотӣ гуфт қаламрави вилояти Бодканди Қирғизистон дар гузашта мутааллиқ ба тоҷикон буд, “унсури номатлуб” (персона нон-грата) эълон кунанд.
Ба гуфтаи вай гуфтаҳои охири генерал Навҷувонов қобили қабул нест.
“Ман гуфтаҳои сардори РВКД вилояти Суғдро дасисаҷӯёнаву таҳрикомез мешуморам, ки бо таъриху воқеъият ҳеч созгорӣ надоранд”, - таъкид дошт вакил.
Вай таъкид кард, ки дар соли 1997 баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз Қирғизистон ҳазорҳо муҳоҷирони Тоҷикистонро қабул кард.
“Он замон раисҷумҳур ва мардуми Тоҷикистон барои кумаки Қирғизистон миннатдор буданд, аммо имрӯз генерали тоҷик барои худ изҳоротеро раво мебинад, ки боиси идомаи таниш миёни ду кишвари бародар мешавад”, - гуфт ӯ.
“Ман пешниҳод дорам ва мехоҳам, вакилон маро дар ин масъала дастгирӣ намоянд. Пешниҳод дорам ба Вазорати умури хориҷа дастур дода шавад то Абдулло Навҷувонов "унсури номатлуб” (персона нон-грата) эълон шавад”, - гуфт Имоналиев.
Ёдрас мешавем, ки қаблан зимни нишастӣ матбуотӣ дар шаҳри Хуҷанд генерал Абдуллоҳ Навҷувонов гуфта буд, ки вилояти Суғд ду мушкил дорад, нахуст ихтилофоти марзӣ бо Қирғзиистон ва дуввум терроризм.
Вай дар ин нишаст қаламрави вилояти Бодканди Қирғизистонро дар гузашта мутааллиқ ба тоҷикон унвон карда буд, ки бо эътирози шадиди тарафи қирғизӣ рӯбарӯ шуд.