Аз картошка то боғпарварӣ: мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Александр Таранов

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2019 маълумот дода, оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдориву сабзавоткорӣ ва рушди картошкапарвари бештар таваҷҷӯҳ намудааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд имрӯз бо намояндагони Академияи илмҳои миллии Белорус, ки бо роҳбарии Александр Таранов, директори Институти боғпарварӣ ба вилояти Суғд омадаанд, мулоқот кардааст.

Дар Тоҷикистон Иди картошка таҷлил мешавад

Хадамоти матбуоти раиси вилоят дар ин бора иттилоъ дода, гуфтааст, Раҷаббой Аҳмадзода зимни сӯҳбат аз сатҳи рушди муносиботи дуҷониба ёдовар шуда, изҳори умед кардааст, ки ҳамкории вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Белорус ба манфиати ҷонибҳо буда, ба рушди соҳаҳои гуногун замина мегузорад.

 Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят ҳамчунин ба меҳмонон гуфтааст,  бо супориши раисиҷумҳури кишвар майдони боғу токзорҳо васеъ ва кишти картошка афзун карда мешавад.

“Ба ҳайати меҳмонон маълумот дода шуд, ки имсол дар доираи ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд иншооти зиёд, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои замонавӣ, мактабу кӯдакистон, боғҳои фарҳангӣ ба истифода дода шуда, бори аввал Иди картошка таҷлил мегардад”,-авзудааст манбаъ.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони Русия

Дафтари матбуотии раиси вилоят мегӯяд, Александр Таранов, директори Институти боғпарварии Белорус, дар навбати худ, аз меҳмоннавозӣ, ободиву созандагӣ дар вилоят изҳори хушнуди намуд, гуфтааст, ҳамкории олимону мутахассисони Академияи илмҳои миллии кишвараш бо Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар мутахассисони тоҷик хуб ба роҳ монда шудааст.

Гуфта мешавад, Раҷаббой Аҳмадзода хостааст, бо иштироки намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорус дар вилоят семинари омузишӣ ташкил карда шавад.

“Ҳамзамон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ҳайати меҳмонон дар шаҳру навоҳӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, боғу токпарварон, картошкапарварон ва дигар деҳқонон, ки барои рушди соҳаи кишоварзи ҳавасманди изҳор медоранд, шинос мешаванд”,-изҳор доштааст манбаъ.