ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Субҳи имрӯз, 18 - уми феврал сардухтури бемористони "Учан" - шаҳри Вуҳан Лю Чжимин, ки аз дардмандони "вируси тоҷдор" сироят ёфта буд, ба ҳалокат расид.
Хабари марги сардухтурро Телевизионии марказии Чин тасдиқ кард.
Қаблан, бегоҳи рӯзи душанбе, рӯзномаи "Женмин Жибао" хабар дод, ки сардухтури 51 - солаи ин беморхона фавт кард, вале баъдан хабари марги ӯ дурӯғ баромад. Расонаҳои Чин хабар доданд, ки пизишкон барои наҷоти ҷони ӯ талош мекунанд.
Чин нафароне, ки гирифтории худ ба коронавирусро пинҳон медоранд, эъдом мекунад
Аммо субҳи рӯзи сешанбе, Телевизиони марказии Чин хабар дод, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди табибон , Лю Чжимини 51 - сола бар асари гирифторӣ ба маризии сироятии "вируси тоҷдор" ба ҳалокат расид.
Гуфта мешавад, Лю Чжин ягона роҳбари муассисаи тандурустӣ дар Чин мебошад, ки бар асари мубтало шудан ба коронавирус ҷон бохт.
Нахустин қурбонии коронавирус дар Аврупо: зани чинӣ дар Фаронса фавтид
Беморхонаи "Учан", ки дар он Лю Чжимин кор мекард, яке аз аввалин муассисаҳои махсусгардонидашуда буд, ки қабули шахсони сироятшударо бо намуди нави коронавирус оғоз кард. Ҳайати ин дармонгоҳ аз 966 нафар иборат аст.