"Нерӯи сеюм"? шарҳи бештари вазири корҳои хориҷӣ аз баҳси марзӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти хабарӣ ба гурӯҳҳои машкук дар марзи Тоҷикистону Кирғизистон ишора кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 18 феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ дар асоси татбиқи дурусти протоколҳои имзошуда, ҳал мешавад.

"Дар ин масъала пеш аз ҳама бояд татбиқи дурусти ҳамаи протоколҳоеро, ки мо дар 16 соли ахир баррасӣ кардем, ба назар гирифт, на ин, ки мо сарфи назар аз протоколҳо дар сатҳи поёнӣ сиёсати дигарро ба роҳ монем. Ин хел ҳеҷ вакт мо ба мақсад намерасем", - гуфт вазир.

Бино ба гуфти Муҳриддин, гарчанде дар музокироти байниҳукуматӣ ҳарду ҷониб протоколҳоро дуруст қабул мекунанд, лекин мутаассифона Қирғизистон аз бархеи протоколҳое даст кашид.

"Фикри шахсии генерал аст": вазири корҳои хориҷӣ дар бораи суханони Навҷувонов

"Ҳатто мо як қисми сарҳадро мувофиқа карда будем, ин - 519,9 км  буд, ки ҷониби мо тайёр аст, ин протоколро имзо кунад, протоколҳое буданд, ки ба имзои ин протокол ишора мекарданд, ҷониби Қирғизистон имзо карда буд, лекин муттассифона аз имзои худ даст кашиданд", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти хабарӣ.

Ба фикри вазир, ин ҳама барои ҳалли минбаъдаи масъалаҳои сарҳадӣ мушкил эҷод мекунад. Вазир гуфт, барои ҳалли ин масъала пеш аз ҳама асосҳои ҳуқуқӣ лозим аст. Дар баробари ин вазир ба гурӯҳҳои машкук дар марзи Тоҷикистону Кирғизистон ишора кард. 

"Ба ҷои ки мо асосҳои ҳуқуқиро тезтар мувофиқа созем, гарчанде ки чандин маротиба мувофиқа ҳам шуда буд, лекин ҷониби Қирғизистон ба назар нагирифт, ба ҷо он ки мо инро дуруст татбиқ намоем рӯз аз рӯз инҳо ба назар гирифта намешаванду як гурӯҳ одамоне ҳастанд, аз ҷониби Қирғизистон, ки ба муташанниҷ шудани вазъ дар ҳамин минтақаҳо мусоидат мекунанд", - гуфт вазир.