Мадина Ақназарова мухлисонашро бо сурудҳои "Ай ёр ёр", "Ёри ман", "Шаб", "Ба армон рафтам", "Бирақсем", "Ҷону дилам", "Кори ту пайваста озор аст" ва ғайраҳо шод кард.
Таҳти суруди "Бирақсем" ва "Ҷону дилам" ҳамаи тамошобинон аз ҷой бархоста консертро бо рақсҳои худ ба як хурсандии хонаводагӣ табдил доданд.
Базм дар хонаи бадахшонӣ: Мадина намоҳанги ҷадиди "Ҷону дилам" - ро нашр намуд
Мадина ҳамчунин суруди тозаи худ "Оре"-ро нахустин бор дар ин консерт иҷро кард, ки аз ҷониби ҳамагон бисёр хуш пазируфта шуд.
Рӯзи 15 феврал Мадина 22-солагиашро таҷлил кард. Ба табрику дастгирии сароянда беш аз 500 кас омад.
Аз соати 20:00 то ними шаб Мадина ҳунарнамоӣ карду дили муҳоҷиронро хуш кард.
Тамошобинон ҳар яке бо телефони ҳамроҳ консертро ба навор мегирифт ва бо ёру дӯстон дар шабакаҳои интернетӣ нашр мекард.
Рӯзи 16 феврал Мадина Ақназарова дар табархонаи "Гимназия"-и Санкт-Петербург консерт баргузор кард.
Бино ба гуфти продюсери Мадина, Тахмина Ақназарова консет дар Санкт-Петербург дар сатши олӣ гузашт ва аз худ хотираҳои хубе боқӣ монд.