Ду бар се: пирӯзии футболбозони тоҷик бар тими "Спартак"-и Русия

Ҳарсе голро ҳам варзишгори тоҷик Ислом Зоиров то дарвозаи ҳариф расонидааст. Аз дастаи "Спартак" ду тӯби Иля Левченко ба дарвозаи футболбозони тоҷик зада шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дирӯз, 17 феврал дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи тоҷик дар бозии санҷишӣ футболбозони тими дуюми "Спартак"-и Маскавро мағлуб намуданд.

Футболбозони навраси тоҷик тими Гурҷистонро шикаст доданд

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон гузориш додааст, бозӣ дар варзмшгоҳи Эвренсеки Туркия баргузор шуда, ду бар се, бар фоидаи наврасони тоҷик анҷом ёфтааст.

Ҳарсе голро ҳам варзишгори номӣ Ислом Зоиров то дарвозаи ҳариф расонидааст.

Аз дастаи "Спартак" ду тӯби Иля Левченко ба дарвозаи футболбозони тоҷик зада шудааст.

Интизор меравад, бозии навбатии футболбозони навраси тоҷик 19 феврал бо бозингарони Дания ва 22 феврал бо дастаи ССКА, варзишгарони рус баргузор шавад.

Тими Тоҷикистон аз Аргентина шикаст хурд: футболбозони навраси тоҷик ба хона бармегарданд

Бози наврасони тоҷик бо ҳамтоёни гурҷиашон бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфта буд.