Терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон чист? Шарҳи полковник Бухоризода

Полковник Мансур Бухоризода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВУД Тоҷикистон, зимни ҳамоиш дар мавзӯи ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатомез мафҳумҳои экстремизму терроризмро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Бухоризода гуфт, назари ҳуқуқшиносон вобаста ба мафҳуми терроризм ва экстремизм гуногун асту шарҳи онҳоро аз нигоҳи қонунгузории Тоҷикистон пешниҳод кард.

Ҳар рӯз зиёда аз 3 ҷинояти террористӣ: ҳисоби милисаҳои Тоҷикистон

“Мафҳуми терроризм - яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё дигар объектҳои моддӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ё ба миён омадани оқибатҳои ба ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлат ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё ба мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ мебошад”, - тавзеҳ дод полковник.

Ӯ афзуд, терроризм дар ҳама давру замон ба муқобили давлату давлатдорӣ равона шуда, барои ба вуҷуд овардани ҳисси нобоварӣ дар ҷомеа, ноором сохтани суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва коста гардонидани обрӯю эътибори мақомоти давлатӣ содир карда мешавад.

Куҳансарбози русе, ки дар ҷанги дувуми ҷаҳон иштирок дошт, дар Афғонистон даргузашт

“Экстремизм бошад, изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо даъвати ноором сохтани ҷамъият, дигар кардани сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, мухолифати мазҳабӣ ва бадбинии иҷтимоӣ мебошад”, - илова намуд Бухоризода.