Бонки миллӣ иҷозатномаи ташкилоти суғуртавии "Лидер Иншуранс"-ро бекор кард

Барҳам хурдани "Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс" дар ҳолест, ки соли қаблӣ Бонки миллӣ баъзе аз намудҳои фаъолияти ин ташкилотро васеътар карда, то 30 октябри соли 2020 иҷозатнома дода буд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон бо як қарор фаъолияти ташкилоти суғуртавии (ҶДММ) "Лидер Иншуранс"-ро барҳам дод.

Дастури Машрабзода ба ташкилотҳои суғуртавӣ: аз фаъолиятатон дар сомонаҳо гузориш диҳед

Дар ин бора дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода мегӯяд, Раёсати бонк бо қарори навбатии худ аз 13 феврали соли ҷорӣ таҳти рақами 31 фаъолияти "Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс"-ро барҳам дод.

Ба итилои манбаъ, дархости қатъи фаъолият аз ҷониби “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс” сурат гирифтааст.

Бонки миллии Тоҷикистон сабаби барҳам хурдани ташкилотро зикр накарда, танҳо гуфтааст, "Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс" иҷозатнома барои фаъолияти суғуртавиро дар кишвар 24 январи 2019 ба даст оварда буд.

Манбаъ мегӯяд, идораи назорати суғуртавӣ вазифадор карда шуд, ки тағйироти мазкурро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид кунад.

Барҳам хурдани "Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс" дар ҳолест, ки соли қаблӣ Бонки миллӣ баъзе аз намудҳои фаъолияти ин ташкилотро васеътар карда, то 30 октябри соли 2020 иҷозатнома дода буд.

Бонки миллӣ салоҳияти “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс” васеътар кард

Тибқи омори Бонки миллии кишвар, "Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс" бо 500 ҳазор сомонӣ сармоия оинномавӣ дар бозори суғуртаи кишвар фаъолият дошт, ки саҳмдори садфоизаи он Раҳматулло Ёқубҷон ном бурда мешавад.

Баъди барҳам додани "Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс" тибқи маълумоти БМТ дар бозори суғуртаи Тоҷикистон, 18 ширкати суғуртавӣ: 16 ғайридавлатӣ ва 2 давлатӣ боқӣ монданд, ки бузургтарни он аз рӯи ҳаҷми сармояи оинномавӣ ҶСДММ "Спитамен-Суғурта" (87,7 млн. сомонӣ), КВДС "Тоҷиксармоягузор" 15,6 млн. сомонӣ), КВД "Тоҷиксуғурта" (5,2 млн. сомонӣ) ба ҳисоб мераванд.