Нахустин қурбонии коронавирус дар Аврупо: зани чинӣ дар Фаронса фавтид

Феълан фавти се нафар аз мубталоёни маризии сироятии "вируси тоҷдор " берун аз қаламрави Чин ба қайд гирифта шудаст. Яке аз қурбониёни ин маризӣ шаҳрванди Филиппин буда, дуи дигар аз Ҷопон ва Ҳонконг мебошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар Фаронса нахусти қурбонии маризии сироятии коронавирус сабт гардидаст, ки марҳум сайёҳзани чинӣ мебошад, хабар медиҳад BBC.

Олимзода: Тоҷикистон хостори ҳарчӣ зудтар аз байн бурдани коронавирус дар Чин аст

Ба иттилои Вазорати беҳдошти ин кишвар,  зани 80 - солаи чинӣ рӯзи 16 - уми январ аз Хубей вориди Фаронса шуд ва рӯзи 25 - уми январ бо аломатҳои маризии "вируси тоҷдор" фавран бистарии беморхона гардид.

Фавти ин зани солхӯрда аз нахустин қурбонии ин маризӣ дар Аврупо ба ҳисоб меравад. Қаблан аз ҳалокати се нафар мариз берун аз  қаламрави Чин хабар дода шуд.

Донишҷӯи тоҷик дар Вуҳан гуфт, чигуна худро аз "вируси тоҷдор" ҳифз мекунад

Қурбониёни коронавирус яке аз Филиппин ва дуи дигар аз Ҳонконг ва Ҷопон буданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Чин рӯзи 31-уми декабр ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Шифо ёфтани 4 ҳазор бемор аз "вируси тоҷдор" дар Чин

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Қобили зикр аст, ки феълан дар Чин бар асари ин маризӣ дасти кам 1527 нафар ба ҳалокат расида, 8 567 тани дигар шифо ёфтанд. Зимнан, шумораи мубталоёни маризии "вируси тоҷдор" 67 ҳазор нафар гуфта мешавад.