Ба додгоҳ мекашем: Украина Эронро барои сарнагун кардани ҳавопаймо таҳдид кард

Вазири умури ҳориҷии Украина Вадим Пристайко изҳор доштаст, ки Эронро барои сарнагун кардани ҳавопаймои мусофирбар ба додгоҳ мекашанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Давлате, ки шаҳрвандонаш дар суқути ҳавопаймои Боинг-737 дар наздикии Теҳрон ҳалок шудаанд, метавонанд Эронро ба додгоҳ кашанд. Ин нуктаро Вазири умури хориҷии Украина Вадим Пристайко дар чаҳорчӯби як конфронс бахшида ба амният дар Мюнхен иброз доштааст.

Ба гуфтаи Пристайко, Украина аз Эрон амалҳои ҳар чӣ зудтарро интизор аст.

"Гап сари рӯз ва моҳ меравад на солҳо. Мо зиёд интизор нахоҳем шуд", - афзудаст Пристайко.

Сиёсатмадори украинӣ мегӯяд, Украина ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки пайвандонашонро дар суқути ҳавопаймо аз даст доданд, метавонанд алайҳи Эрон ба додгоҳи байналмиллалӣ шикоят баранд.
"Мо ҳақ дорем, ки ба додгоҳи болоӣ шикоят барем, вале феълан сукутро ихтиёр ва амалкарди Эронро интизор ҳастем", - илова намудаст Пристайко.

Гунаҳкори суқути ҳавопаймои украинӣ дар Эрон паси панҷара рафт

Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои  Boeing-737- и украинӣ  субҳи 8 – уми январ дар Эрон суқут кард.

Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон ба ҳаво бархост, вале бо гузашти ҳамагӣ 4 дақиқа аз родар нопадид ва суқут кард, ки дар натиҷа дасти кам 176 нафар, 168 сарнишин ва 9 халабони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.

Эрон расман эътироф намуд, ки ҳавопаймои украиниро бо ду мушак сарнагун кардаст

Маълум гардид, ки савори ин ҳавопаймо шаҳрвандони 7 кишвар аз қабили Эрон, Украина, Канада, Шветсария, Афғонистон, Британияи Кабир  ва Олмон буданд.

Ҳасан Рӯҳонӣ раисҷумҳури Украина ба ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский дар робита ба суқути ҳавопаймои Boeing-737 тамос гирифт ва расман барои ин иштибоҳи бузург бахшиш пурсид.