Номзади илм, зодаи Данғара: Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ муовини сарвазири Тоҷикистон кист?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ зодаи ноҳияи Данғара буда, аз 14 январи соли 2019 дар вазифаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон кор кардааст. 

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ 10 январи соли 1961 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. 

Муаллим ва иқтисодчӣ: Назаршозода Лоиқ - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа кист?

Миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад.

Соли 1987 Донишкадаи  муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошканд ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Русияро хатм кардааст.

Ихсиосҳояш - муҳандис-заминсоз, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, номзади илмҳои иқтисод буда забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Гулмаҳмадзода узви Маҷлиси миллии МО ҶТ, вакили МВХ вилояти Хатлон мебошад. Соли 2006  бо ордени "Шараф" дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.

Собиқаи корӣ

Солҳои 1978-1980 коргари совхози Ленини ноҳияи Данғара.

Солҳои 1980-1982 хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Қазон, шаҳри Перм, Русия.

Солҳои 1982-1987 донишҷӯи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошканд.

Солҳои 1987-1989 сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод.

Солҳои 1989-1993 раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара.

Солҳои 1993-1995 раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон.

Солҳои 1995-2000 муовини вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2000-2001 раиси Кумитаи захираҳои замин  ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2001-2006 раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2006-2008 директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2008-2010 муовини раиси вилояти Суғд.

Солҳои 2010-2013 раиси шаҳри Турсунзода.

Солҳои 2013-2019 раиси вилояти Хатлон.

Аз январи соли 2019 то имрӯз раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.