Президент зертобеи дигари Озода Раҳмонро барканор кард

Дар амри раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта мешавад, далели барканории корманди Дастгоҳи иҷроия таъин шуданаш ба дигар вазифа аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Имрӯз, 14 феврал раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як амр корманди Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳурро, ки роҳбараш Озода Раҳмон аст, барканор намудааст.

10 амри Президент: Раисиҷумҳур зердастони Озода Раҳмонро ҷо ба ҷо кард

Аз нусхаи амри нашрнамудаи президент дар дафтари матбуот бармеояд, ки далели барканории Давлатзода Ҳусейн Ҳамид ба кори дигар гузаштанаш аст.

"Давлатзода Ҳусейн Ҳамид бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад", - омадааст дар амри президент.

Ёдрас мешавем, худи ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Ҳукумат, вазорат ва кумитаҳо таъиноти кадрӣ анҷом дод.

Ҳамчунин, раисҷумҳур 4 феврал чанде аз корманди Дастгоҳи иҷроияи президентро ҷо ба ҷо карда буд.