ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, ки дар шаҳри Ваҳдат хонандаи синфи 7 ба дуздии пул муттаҳам мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 28-солаи сокини кӯчаи Хуросони ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Спринтер”, ки дар назди хани истиқоматиаш беназорат гузошта шуда буд, 6 ҳазору 300 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғи 14-сола, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, сокини кӯчаи Шарифзодаи шаҳри мазкур бо гумони дуздӣ, дастгир карда шуд.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг, бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир гардид.
Милитсияи Душанбе ду ҳодисаи дуздиро ошкор кард
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 630 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.