ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Имсол зимистони вилоят нисбатан камбориш омад, вале аз ин набояд хотирҷамъ шуд, изҳор дошт Файзов зимни ҷаласаи машваратӣ. Ӯ таъкид кард, ки аслан зимистони Бадахшон дар пеш асту мақомдоронро зарур аст, ки ба он омода бошанд.
Раиси вилоят ҳамчунин таъминоти муассисаву идораҳо ва аҳолиро бо ангиштсанг зикр карда, гаронии нархи он дар вилоятро аз мушкилоти зимистонгузаронӣ арзёбӣ намуд.
"Нархи як тонна ангишт дар худи конҳои ҷумҳурӣ вобаста ба сифат аз 265 то 295 сомониро ташкил медиҳад. Вале нархи он мувофиқи ҳуҷҷатҳои тендерӣ то ноҳияи Ишкошим ба 1400 сомонӣ мерасад. Яъне роҳкирои овардани як тонна ангишт нисбат ба нархи худи он 3-4 баробар қиматтар меафтад", - хабар дод котиботи ҳукумати ВМКБ аз қавли Файзов.
Раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сифати ангишт на дар ҳамаи муассисаҳо мувофиқи талабот аст.
"Дар як муассиса сифати ангишт бад бошад ҳам, нархи он баланд, дар мавриди дигар сифати ангишт хубтар, вале нархи он пасттар аст. Ҳодисаҳои дахолати раисони ноҳияҳо ба масъалаи дастраскунии ангишт ба муассисаҳо низ ҷой доранд", - афзуд Файзов.
Раиси ВМКБ таъкид намудаст, ки минбаъд бе гузаштани тендер ангишт ба муассисаҳо дастрас карда нашавад. Ӯ дастур додаст, ки таъминот бо ангишт дар ҳамаи муассисаҳои маориф ва тандурустӣ бори дигар санҷида шаваду муассисаҳое, ки аз талаботи воқеиашон камтар сӯзишворӣ гирифтаанд, бо маводи сӯхт пурра таъмин карда шаванд.
Зикр шудаст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мушкилоти вилоятро ба назар гирифта, дар ҷаласаи Ҳукумат ба ширкати “Талко” супориш додаст, ки барои коҳиш додани нархи ангишт дар вилоят ва сифати он соли равон кони Равноби ноҳияи Дарвоз ба истифода дода шаваду тобистони ҳамин сол вилоятро пурра бо ангишт таъмин намояд.
Файзов таъкид намудааст, ки сохторҳои дахлдор соли равон маблағҳои барои зимистонгузаронӣ равонашудаи буҷаро таҳти назорати қатъӣ гирифта, дар заминаи паст кардани нархи ангишт ва дастрас шуданаш аз кони ангишти Равноб таъминоти он дар муассисаҳоро 30-40 фоиз зиёдтар кунанд.