Садамаи маргбор дар Конибодом: дучархарон ҳалок шуд

Вазорати умури дохила менависад, ки ронанда аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дучархаронро пахш кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом гузориш медиҳад.

Дар Исфара ронанда дучархарони мастро пахш намуд
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 11 феврал, бегоҳ соатҳои 21 рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Ҳайдаров Рустамҷон Эркинович, соли таваллудаш 1972, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Конибодом-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ортиқов, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонист", - тавзеҳ медиҳад вазорат.

Дар натиҷа ронанда дучархарон Саидахмедов Аҳадҷон Тухтаевич, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри мазкурро пахш намудааст. 

Ҳалокати дучархарон ва як духтари пиёдагард дар ду садамаи нақлиётии ахир

Дар натиҷа, дучархарон Саидахмедов А.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.